РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Остона нишасти хабарӣ ва намоишгоҳ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

Март 14, 2023 11:08

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар шаҳри Остона бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар Қазоқистон нишасти хабарӣ ва намоишгоҳ бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни cуханронӣ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об шинос кард.

Сафир таъкид намуд, ки чорабинии байналмилалӣ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр баргузор мегардад, ки инъикосгари аҳамияти махсуси рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад.

Дар чорабинӣ доираи васеи намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Қазоқистон, ВАО ва коршиносони соҳаи об ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2023 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Нью-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба об баррасӣ гардиданд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд
Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд