Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол хати оби нӯшокиро барои 18 ҳазор аҳолӣ ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол хати оби нӯшокиро барои 18 ҳазор аҳолии шаҳр ба истифода супориданд.
Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути қубури қутраш 325-миллиметра аз масофаи 7,2 километр ҷорӣ мегардад. Иншооти мазкур дар раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи хати оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад. Оби нӯшокӣ бо қубури асосӣ дар ҳаҷми 110 метри мукааб об дар як соат ба обанбори “Офтобак”-и шаҳр интиқол дода мешавад.
Дар обанбори мазкур ду ҳавз бо иқтидори ғунҷоиши 2000 метри мукааб об ҷойгир аст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, барои сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ ҷалб карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан сокинони шаҳри Истиқлол, ки беш аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад, аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид ва акнун дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани лоиҳаи мазкур сокинон бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.
Дар доираи амалишавии лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар шафати кӯчаҳо, дохили биноҳои истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди шаҳри Истиқлол дар умум ба масофаи 11,2 километр хати оби нӯшокӣ кашида шудааст.
Мавриди ёдоварист, ки иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии беш аз 18 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол амалӣ карда шуд.
Обанбори асосии хати оби нӯшокӣ дар масоҳати қариб як гектар ҷойгир ва дорои биноҳои безараргардонӣ ва такшинкунонии оби нӯшокӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва маводи зарурӣ таъмин мебошад.
Иқтидори ғунҷоиши об дар ду ҳавзи обанбор 1000 метри мукааб буда, таъминоти об тавассути ду насоси боиқтидор ба обанбори “Офтобак” интиқол меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд ва дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи босамари об дар байни сокинон низ гузаронида шавад.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






