Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории корӣ «Об моро муттаҳид месозад»

Март 22, 2023 07:58

21.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Аълоҳазрат Вилям Александр, Шоҳи Нидерланд,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Ҳамаи шуморо ба чорабинии имрӯзаи мо зери унвони “Об моро муттаҳид месозад” хайрамақдам мегӯям.

Имрӯз масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об аҳаммияти дучанд касб кардааст.

Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад.

Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад.

Дар акси ҳол, саломатии мову шумо, пойдории муҳити зист, дастрасӣ ба ғизои солим, манбаъҳои табиӣ ва дар ниҳояти кор, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор зери хатар боқӣ мемонад.

Маҳз ба ҳамин хотир, кишвари мо тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои марбут ба об ва иқлимро бомаром пеш бурда, дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд нақши муассир бозида истодааст.

Дар ин давра бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ин мавзӯъ нӯҳ қатънома қабул кард, ки ҳадафи онҳо ба муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷудаи вобаста ба об ва суръат бахшидан ба амалҳо дар ин ҷода нигаронида шудааст.

Ҳозирини муҳтарам,

Об дар воқеъ нерӯи созанда дорад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи об тайи даҳсолаҳои охир боиси он гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд.

Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар як муддати нисбатан кӯтоҳ барои пешбурди масъалаҳои вобаста ба обу иқлим корҳои зиёдеро анҷом доданд.

Иштироки фаъоли ду кишвар дар Панели сатҳи баланд оид ба об, Эътилофи обу иқлим ва Раванди оби Душанбе дар баробари дигар платформаҳои ҷаҳонӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Имрӯз мо мизбонии ҳамоиши бузурги таърихӣ – Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро ба уҳда дорем.

Мо ин шарикиро ҳамчун намунаи ҳамкориву ҳамдилӣ, хусусан миёни кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ, болооб ва поёноб арзёбӣ мекунем.

Мехоҳам бо истифода аз фурсат ба Аълоҳазрат Вилям Александр ва Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд барои ҳамкории судманд дар ин раванд изҳори миннатдорӣ намоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Фардо Конфронс ба кори худ шурӯъ мекунад.

Интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин чорабинӣ зиёданд.

Албатта, бо баргузор гардидани Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мушкилоти мо дар ин самт якбора аз байн нахоҳанд рафт.

Дар баробари ин, эътимоди комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешбурди мавзӯи ҷаҳонии об тавассути ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамдигар бо истифода аз механизмҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли мушкилоти об дар ҳама кишварҳо талошҳои муштарак ба харҷ хоҳад дод.

Ҳамчунин, бовар дорам, ки бо ибрози иродаи қавии сиёсӣ, қабули уҳдадориҳо ва роҳандозии амалҳои муассир аз ҷониби ҳамаи мо, яъне кишварҳои узв ва низоми Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои молиявӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳама тарафҳои манфиатдор барои татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи об метавонем ба ҳадафҳои аслии конфронс ноил гардем.

Итминони комил дорам, ки ҳамаи мо бо истифода аз ин фурсат, бо такя ба нерӯи муттаҳидкунандаи об, барои дастёбӣ ба натиҷаҳои муассири ин ҳамоиши таърихӣ саҳми муносиби худро мегузорем.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Март 22, 2023 07:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон