ТАСВИРИ ПИРЯХҲО ВА ОБҲО ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт

Март 27, 2023 20:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 22 асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон дар намоише, ки  дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ-оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ 22 асар аз  эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон, ба мисли Х. Хушвахтов, Ю. Ҳабибулоев, В.Боборикин, З. Довудов, И.Волинский, Б.Раҳимов, Ю.Сангов, А. Ҳайдаров, Ю. Талдигин, Р. Богдасаров, Я. Мамадкулов,  ва Б. Одинаев ба намоиш гузошта шудааст.

Дар офаридаҳои мусаввирони Точикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон тасвир ёфта, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои обҳои муссафо муаррифӣ менамоянд.


Бояд тазаккур дод, ки 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум қатънома оид ба эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид. Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, ки тибқи он 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

Соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ҳамчунин 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои созмон қабул намуда буд.

Тоҷикистон сарзамини аз ҷиҳати об бой буда, беш аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Заминаи обҳои Тоҷикистон 13000 пирях, 1300 кӯл ва қариб 1000 дарё мебошад, ки оби онҳо аз лиҳози сифат ҳамчун оби нӯшокӣ истифода мешавад.

Намоиши «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллӣ то 4 апрел идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 27, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид