Тоҷикистон ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақаро муҳимтарин воситаи рушди муштарак ва таъмини сулҳу субот мешуморад
ДУШАНБЕ, 19.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва табодули таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ, барқарории сулҳу субот тавассути гуфтушунидҳо Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки давлати худро ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намояд. Чунин ибрози назар намудааст муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.
— Имрӯз Осиёи Марказӣ оқибатҳои тамоми мушкилоти дар ҷаҳон ба амаломадаро пурра аз сар мегузаронад. Дар шароити воқеияти геополитикии имрӯза, ба назари мо, барои шукуфоии минтақа, сулҳу суботи пойдор, дастгирии мутақобила, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак зарур аст. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф давлатҳои мо тамоми захираҳоро доранд, ки омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар Авруосиёи паҳновар гарданд.
Бояд гуфт, ки имрӯз нақш ва мавқеи Осиёи Марказӣ дар шароити дигаргуниҳои куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Осиёи Марказӣ ба таври воқеӣ мавқеи муҳимми стратегиро дар ҷаҳони муосир ишғол мекунад. Минтақа дорои иқтидори бузурги созанда буда, дар оянда метавонад муҳаррики дигаргуниҳои ҷиддӣ гардад. Мояи хушнудист, ки вақтҳои охир давлатҳои минтақа таҷрибаи муваффақи худро дар ҳалли аксари масъалаҳои байнидавлатӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хислати сулҳҷӯёна ва беғараз касб намуда, дар оянда низ чунин боқӣ хоҳад монд. Бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории худро бо тамоми давлатҳои дуру низдик дар асоси эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд тасдиқ менамояд. Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад ва Тоҷикистон ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақаро муҳимтарин василаи рушди муштарак ва таъмини сулҳу субот мешуморад.
Тоҷикистон роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилоти минтақавии ба миёномадаро танҳо дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ ҳамчун муассиртарин воситаи ҳалли онҳо медонад. Чунончи, воқеаҳои охир нишон доданд, ки танҳо гуфтушунид мушкилоти мавҷударо ҳал карда метавонад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд. Татбиқи амалии лоиҳаҳои зиёд танҳо дар сурате имконпазир аст, ки дар минтақа ва атрофи он сулҳу субот ҳукмфармо бошад. Дар робита ба ин таваҷҷуҳи шуморо ба чолишҳо, хатарҳо ва таҳдидҳое, ки минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ мегардад, ҷалб менамоем. Тоҷикистон дар низоми тамоми талошу фаъолияти байналмилалӣ, ки ба решакан кардани зуҳуроти номатлуб нигаронида шудааст, фаъолона иштирок намуда, ба яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ табдил ёфтааст.
Бо назардошти он ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ таҷриба ва саҳми бузург дорад, мамлакати мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳамчун давлати пешсаф ва ташаббускор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Ташаббус ва пешниҳодҳои мубрами байналмилалие, ки Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бо назардошти вазифаҳои муштараки кишварҳои минтақа дар рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои муосири бавуҷудомада саривақтӣ ва воқеӣ мебошанд.
Дар заминаи таҳкими амнияти минтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Аз ҷумла, таъкид менамоем, ки тарҳи наве, ки дар ҷаҳон бо номи «Раванди Душанбе» маъруф мебошад, роҳандозӣ шудааст. Он аз соли 2018 фаъолият дорад. Дар ин муддат он таваҷҷуҳи ҷомеаи минтақа ва ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Самти асосии он ҳалли масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизми хушунатомез ба ҳисоб меравад.
Қобили тазаккур аст, ки терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, кибертерроризм, киберҷинояткорӣ, онлайн-экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун сарчашмаи асосии маблағгузории гурӯҳҳои ифротгароиву террористии байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, масъалаҳои марзӣ, таблиғи намояндагони гурӯҳҳои мухталиф дар фазои иттилоотӣ, вуруди ҷангиёни созмонҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ ба Афғонистон ва фаъолияти террористӣ-экстремистии онҳо бар зидди кишварҳои минтақа ва зуҳури хатару омилҳои дигар сабаби асосии таъсиси «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» гардид. Ҳамин тариқ, дар ин раванд зарурати таҳияи василаҳои ҳамоҳангсозӣ, равишҳои муассир ва муштарак барои мубориза бо чолишҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар баробари хатарҳо, чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда афзоиш меёбад. Бинобар ин метавон гуфт, ки Раванди Душанбе — марҳилаи нави мубориза бо хатару чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда мебошад.
Ташаббуси дигари муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обу иқлим ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки беш аз 60 дарсади манбаи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Вобаст ба ин, дар даврони истиқлол бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид наздик ба 10 қатънома дар бораи об қабул кард. Қатъномаҳои мазкур дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм гузошта, дар ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳалли онҳо саҳми арзанда гузоштанд.
Дар асоси ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об моҳи декабри соли 2020 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи 75/212 дар бораи тартиби баргузории Конфронси СММ оид ба захираҳои об қабул карда шуд, ки он дар шаҳри Ню-Йорк аз 22 то 24 марти соли 2023 таҳти раёсати муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Конфронси миёнамуҳлат ва баррасии ҳамаҷонибаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ё Конфронси мухтасари СММ оид ба захираҳои обии соли 2023 мебошад. Ин конфронс таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро он дуюмин Конфронси СММ аст, ки дар 50 соли охир ба масъалаҳои об бахшида шудааст. Аввалин конфронс соли 1977 дар Аргентина дар шаҳри Мар-дел-Плата баргузор шуда буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти обро барои истифода ва зиндагии муштараки давлатҳои минтақа дарк намуда, ба СММ ташаббуси наверо оид ба эълони «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» пешниҳод намуд, ки дар ҷараёни Иҷлосияи 77-уми СММ 14 декабри соли 2022 якдилона қабул гардид.
Дар асоси изҳороти кабулшуда таклифҳои пешниҳодшуда аз тарафи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
- Эълон кардани 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Таъсиси фонди боварии байналмилалӣ дар назди СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;
- Баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025.
Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон платформаи беназир ва муҳимми ҳамкории ҷаҳонӣ буда, метавонад дар таъмини амнияти иқлимӣ дар тамоми сайёра саҳми арзанда гузорад.
Дар маҷмуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун ташаббускори ду раванди муҳимми ҷаҳонӣ, яъне «Раванди Душанбе дар масъалаи об» ва «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» эътироф гардидааст.
Ташаббусҳое, ки мо таъкид намудем, аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ комилан дастгирӣ ёфтаанд. Мо ин дастгириро қадр мекунем ва он аз сиёсати неки ҳамсоягӣ ва дастгирии мутақобилаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дарак медиҳад. Итминони комил дорем, ки ин иқдомҳо дар пешрафти минтақа саҳми бузург хоҳанд дошт.
Ҳамзамон мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон ҳамеша ташаббусҳои глобалии кишварҳои Осиёи Марказиро дар чаҳорчӯби СММ, ки ба рушди минтақа нигаронида шудаанд, дастгирӣ намуда, минбаъд низ дастгирӣ хоҳад кард.
АКС: АМИТ «Ховар»