«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ташаббуси ободкорӣ анҷом дода шуд

Март 25, 2023 14:27

ДУШАНБЕ, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳадафи таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ташаббуси «Тозагии соҳил» доир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи ин ташаббус зиёда аз 90 мактаббачаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳр ва кормандони сарраёсату шуъбаи ҳифзи муҳити зист  соҳили дарёи Ғундро аз ҳудуди ин муассисаи таълимӣ то маҳаллаи «Шарифобод»-и шаҳр дар масофаи беш аз 1,3 км аз ахлоту партов тоза намуданд.

Дар асоси нақшаи тартибдодаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин иқдом дар дигар ноҳияҳои вилоят низ баргузор гардид.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Март 25, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд