«САД РАНГИ ЧАКАН». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз баргузории ин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
ДУШАНБЕ, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон даври ноҳиявии Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон- «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуд.
Ҳамасола баргузор намудани Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд. Бояд гуфт, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» моҳи май ҷамъбаст карда мешавад.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз баргузории даври шаҳрии ин озмун дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


















Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






