«САД РАНГИ ЧАКАН». Инъикоси ин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ аз дурбини АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 14.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли он бо «Диплом»-у «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд. Тазаккур бояд дод, ки имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон- «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуд.
Ҳамасола баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд.
Фестивал-озмун моҳи май ҷамъбаст карда мешавад.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории Фестивал-озмуни мазкур дар шаҳри Норак манзур мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак















«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид






