Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд

Апрель 1, 2023 08:55

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шудааст.

Майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳоти Овчиқалъача 30 садякро ташкил намуда, дар он барои истироҳату фароғати шаҳрвандон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст.

Сокинони ин деҳоти дурдасти мамлакат бунёду ба истифода додани иншооти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан беҳтаршавии сатҳи зиндагиро ба дастгириву таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат марбут медонанд.

Дар майдони Парчами давлатӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, барои шаҳрвандон нишастгоҳҳо насб карда шудааст. Фаввораҳо зебогии атрофи иншоотро афзун намудааст. Барои гашту гузор ва фароғати доимии сокинон равшании маркази деҳот ба инобат гирифта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани Майдони Парчами давлатиро ба самараи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ марбут дониста, масъулони дахлдорро барои ҳамин гуна ободу зебо нигоҳ доштани атрофи муқаддасоти миллӣ вазифадор намуданд.

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба масофаи 10 километр роҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров асфалтпӯш карда шудааст.

Ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров 01.04.2023

Апрель 1, 2023 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон