20 МАЙ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МЕТРОЛОГИЯ. Фаъолияти тамоми самтҳои ҷамъият бе саҳеҳияти ченак имконнопазир аст

Май 20, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии метрология дониста мешавад. Бо ин мақсад дар Агентии «Тоҷикстандарт» таҳти унвони «Ченкуниҳо барои нигаҳдории системаи ҷаҳонии озуқаворӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир карда шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки вазифаи асосии метрология аз он иборат аст, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои некуаҳволии аҳли ҷомеа зарур аст, таъмин намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади татбиқи Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» давоми семоҳаи якуми соли 2023 дар озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки Агентӣ 85 ҳазору 834 воситаи ченак аз санҷиши мутобиқат гузаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 281 адад зиёд мебошад.

Аз ин шумора 64 ҳазору 801 ададро воситаҳои ченаке ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ истифода мешаванд», -таъкид гардид дар ҳамоиш.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода иброз дошт, ҳама самтҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷамъияти имрӯза, яъне тандурустӣ, энергетика, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технология, дастовардҳои илмию техникӣ, савдо ва ғайраҳоро бе саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст.

«Фаъолияти метрологӣ оид ба таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ дар асоси манбаи маҳакҳои давлатӣ, яъне воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ ба роҳ монда шудааст», -иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи мутахассиси соҳа, манбаъҳои моддию техникии метрологии Агентии  «Тоҷикстандарт» солҳои охир боз ҳам густариш ёфта, озмоишгоҳҳои метрологии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Ин имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни бахшҳои иқтисодиёти мамлакат дар соҳаи назорати давлатии сифати маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, ҳолату истифодаи воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад.

Ба андешаи Сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт», метрология дар рушди иқтисоду тиҷорат ва саноат нақши муҳим дорад, зеро ҳар маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, бояд ба талаботу воситаҳои ченак мувофиқ ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ва дигар стандартҳо ҷовобгӯ бошад.

«Аҳамияти ин рӯз барои метрологҳои ҳамаи мамлакатҳо ягона аст, зеро имзои Конвенсияи Метрӣ бо ҳусни оғоз бахшидан ба  бунёди «низоми ягонаи ченак дар ҳама замона барои ҳамаи халқият» марҳалаи нави инкишофи метрологияи байналмилалӣ дониста шудааст», -гуфт мавсуф.

Ба андешаи Сардори раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак, барои тиҷорати байналмилалӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо барои маҳсулоти гаронбаҳо истеҳсолкунандагон бояд риояи стандартҳои ғизоро нишон диҳанд. Илова бар ин, давлатҳо бояд амният ва тиҷорати одилонаро бахусус дар бозорҳои маҳаллии озуқа таъмин намоянд. Ҳамаи ин бо ченкунии боэътимоди миқдор ва сифати маҳсулоти ғизоии  хом ва коркардшуда тасдиқ карда мешавад.

Сардори раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки   Агентии «Тоҷикстандарт» таъмини ягонагии ченакро дар сатҳи имрӯзаи ҷаҳонӣ омили рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва равобити илмию техникии байни давлатҳо ҳисобида, изҳор намуд, ки вусъати савдои умумиҷаҳонӣ, истеҳсоли муштараки молҳо дар байни кишварҳо, ғамхорӣ дар бораи саломатӣ ва бехатарии аҳолӣ ва масоили муҳити атроф талаботро ба таъмини ченаки ягонаи байналмилалӣ зиёд мекунанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»/ «Тоҷикстандарт»

Май 20, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд