20 СОЛ ДАР СУҒД: МегаФон Тоҷикистон ҷашнвораро барои сокинони Хуҷанд бо барномаҳои идона таҷлил менамояд
ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 июн дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд ва ба шарафи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои идона доир мегарданд.
Меҳмонони консерт аз ҳунарнамоии диҷей аз Узбекистон ва ситораҳои эстрадаи тоҷик, инчунин майдончаҳои бозӣ, варзиш ва майдонҳои эҷодӣ барои кӯдакон баҳравар мегарданд. Даромад ба ҳамаи барномаҳои идона ройгон аст.
Ҳамзамон 3 июн, соати 18:00 дар амфитеатри воқеъ дар кӯчаи Урунхоҷаев консерти ҷашнӣ оғоз меёбад.
4 июн, соати 11:00 дар боғи фарҳанг ва фароғати «Наврӯзгоҳ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи идона оғоз мегардад.
Дар даромадгоҳи асосии боғ кӯдаконро аниматорҳо ва лӯхтакҳои воқеӣ пешвоз мегиранд, ки бо онҳо метавонанд бозӣ кунанд ва акси хотиравӣ гиранд. Дар қад-қади пайраҳаи асосӣ қадам зада, меҳмонон дар чорроҳае қарор мегиранд. Боғи «Наврӯзгоҳ» калон аст, аммо дар он роҳгум задан ғайриимкон аст: шиорҳо ва ихтиёриён бо футболкаҳои рангҳои корпоративии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба меҳмонон роҳ нишон медиҳанд.
Роҳи якум аз тарафи чапи чорроҳа ба майдони истеъдодҳо мебарад. Дар он ҷо кӯдакону калонсолон метавонанд дар караоке сурудҳои дӯстдоштаи худро иҷро намоянд.
Роҳи дуюм аввал ба майдони варзишӣ мебарад. Кӯдакон аз машғулияти омӯзишии футбол, бандкашӣ ва бозиҳо барои тамоми оила ҳаловат мебаранд. Баъдан майдони эҷодӣ ташкил шудааст, ки дар он шумо метавонед аз пластилин ашё созед, кулчақандҳоро ороиш дода, онҳоро ҳамчун туҳфаи хотиравӣ бо худ бибаред. Зимнан, дар наздикии он як майдончаи махсус барои хурдтарин меҳмонони то панҷсола мавҷуд аст. Бо онҳо ҳамшираҳои касбӣ бозӣ мекунанд.
Роҳи сеюм аз чорроҳа ба сӯи саҳна мебарад. Дар он ҷо дидҷей ва гурӯҳи рақси кӯдакона ҳунарнамоӣ мекунанд ва инчунин озмунҳо ташкил карда шуда, ғолибонро туҳфаҳо интизор мебошанд.
Роҳи чорум аз болои кӯпрук ба Ҷазираи ганҷ мегузарад. Давоми бозиҳо пораҳои харитаро ҷамъоварӣ карда, дастаҳо дар он ҷо ганҷ мекобанд.
Туҳфаву ҷоизаҳо аз оператори имконияти нави рақамӣ меҳмононро дар ҳамаи майдонҳои бозиҳо интизор мебошанд. Дӯстрӯякон метавонанд ширинӣ, бозича ва ашёи варзишӣ бурд намоянд. Наврасон барои ба даст овардани мегабайтҳои интернет, ки дар муҳорибаҳои киберварзишӣ лозим меоянд, имконият доранд.
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо хушнудӣ 20-солагии фаъолияти худро дар вилояти Суғд ҳамроҳ бо ҳамаи сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд ҷашн мегирад!
АКС: МегаФон Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






