8 май дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамзамон, субҳи 8 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими кушодашавии расмии намоишгоҳи маҳсулоти содиротии ду давлат, форуми тиҷоратӣ ва дар доираи форум вохӯриҳои дуҷониба дар шакли соҳибкор бо соҳибкор «В2В» байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.
Дар форум беш аз 67 ширкатҳои калон ва хурду миёнаи Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, истеҳсоли қаҳва, сайёҳӣ, сохтмон, савдо, истеҳсолоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, истеҳсоли маҳсулоти канселярӣ, савдо, нассоҷӣ, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти пластикӣ ва ғайра иштирок менамоянд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






