АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид

Май 29, 2023 18:56

ДУШАНБЕ, 29.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Фортепиано»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Мария Чебоненко дар Озмуни байналмилалии «Классикаи зинда-2023», ки дар Федератсияи Русия доир шуд, сазовори медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи мазкур хабар доданд.

Озмуни байналмилалӣ аз 4 то 25 май доир шуда, дар он кӯдакону наврасони манотиқи Русия ва дигар давлатҳои дунё иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар тӯли 10 соли баргузории озмун дар он беш аз 10 миллион хонанда аз ҳудуди Русия ва 80 давлати ҷаҳон иштирок кардааст.

АКС: Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов

Май 29, 2023 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд