Ҳайати «Саноатсодиротбонк» дар мулоқот бо Президенти Бонки исломии рушд ва Директори генералии Корпоратсияи исломии маблағгузории савдо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 май Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода дар вохӯрии дуҷонибаи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон бо Президенти Бонки исломии рушд ва Директори генералии Корпоратсияи исломии маблағгузории савдо иштирок намуд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо бештар ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои имтиёзноки Бонки исломии рушд ва Корпоратсияи исломии маблағгузории савдо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки «Саноатсодиротбонк» омода аст ҳамчун ташкилоти молиявии давлатӣ дар татбиқи лоиҳаҳо иқтидори хизматрасониашро пурра истифода намояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор дорад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд






