Ҳангоми тирпаронӣ дар Флорида 9 нафар маҷруҳ шудааст

Май 30, 2023 16:37

ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нуҳ нафар, аз ҷумла ноболиғон дар натиҷаи тирандозӣ дар шаҳри Ҳолливуди иёлати Флоридаи ИМА  захмӣ  гаштааст. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии CBS News хабар додааст.

«Нуҳ нафар, аз ҷумла ноболиғон пас аз тирпаронии оммавӣ дар маҳаллаи Ҳолливуд — Бродуок ба бемористонҳои маҳаллӣ интиқол дода шуданд», — омадааст дар изҳороти ин шабака.

Илова бар ин, ин шабака бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ меафзояд, ки ҳодиса соати 18.41 ба вақти маҳаллӣ (01.41 ба вақти Москва) рух дода, ҳамааш аз муноқиша байни ду гурӯҳ оғоз шудааст.

Тавре ки шабакаи телевизионӣ ишора намудааст, як нафар боздошт шуда, полис нафари дигарро ҷустуҷӯ дорад. Маҷруҳшудагон ба беморхонаҳо интиқол ёфта, дар бораи ҳолати онҳо дар айни замон ягон маълумот мавҷуд нест.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 30, 2023 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст