Қариб 400 нафар дар Мянма бар асари тӯфон ҳалок шудааст
ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 400 нафар дар Мянма бар асари бадтарин тӯфони тропикии Mocha дар даҳ соли охир дар минтақа ҳалок шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «АЗЕРТАДЖ» бо истинод ба агентии «DeutschePresse-Agentur» (DPA) хабар додааст.
Ба тӯфоне, ки рӯзи якшанбе ба Мянма расид, дараҷаи панҷуми хатар дода шуд. Суръати шамол дар маркази тӯфон ба 250 километр дар як соат мерасид, шамоли шадид ва боронҳо ба обхезиҳо оварда расонид, қитъаҳои кишт зери об монда, дарахтони афтода симҳои барқро канданд. Аз тӯфон то 100 ҳазор нафар зарар дидааст.
Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2008 Мянма бо тӯфони харобиовари «Наргис», ки дар халиҷи Бангола ба вуҷуд омада буд, дучор гардид. Дар ҷараёни тӯфони тропикӣ дар Мянма, Шри-Ланка, Бангладеш ва Таиланд 90 ҳазор нафар ҳалок гашта, 56 ҳазор бедарак шуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
Акс: «АЗЕРТАҶ»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






