«ҶАВОНОН-МУҲАРРИКИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Душанбе Форуми миллии соҳибкорӣ баргузор мешавад

Май 12, 2023 19:55

ДУШАНБЕ, 12.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  15 май, соати 15:00 дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ»  Форуми миллии соҳибкорӣ баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форуми мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо иштироки соҳибкорони муваффақ доир мегардад.

Ҳадафи форуми мазкур- ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ буда, барои ба роҳ мондани стратегияҳои иловагӣ дар самти таъсиси ҷойи кор дар байни ҷавонон мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи кор   бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто

Май 12, 2023 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд