«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Хоруғ роҳпаймоии осоишта доир гардид

Май 20, 2023 16:03

ДУШАНБЕ, 20.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-  шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш ва роҳпаймоии осоишта доир гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки  ҳамоиш бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев гузаронида шуд.

Муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева иброз намуд, ки «давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Самараи неки истиқлол ва баракати сулҳу суботи сиёсии мамлакат  аст, ки дар Тоҷикистон ба масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад».

Пешвои миллат дар ҳар суханронии худ таъкид менамоянд, ки «мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Дар ҳамоиш донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Хоруғ изҳор доштанд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Тоҷикистон баҳри пешрафту шукуфоии ҳар гӯшаи он саҳм мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Май 20, 2023 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст