Аз сабаби обхезии шадид дар минтақаҳои Италияи шимолӣ «сатҳи сурх» — и хатар эълон карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе дар минтақаи Эмилия — Романияи Италия дар робита ба обхезӣ ҳушдори сатҳи сурх эълон карда шуд, ки то рӯзи якшанбе идома меёбад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус мухбири махсуси АБИ «Казинформ» хабар додааст.
Аввали ҳафтаи равон дар натиҷаи обхезӣ дар шимолу шарқи Италия 14 нафар ҳалок шуд.
Шумораи одамоне, ки бар асари обхезӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд, ба беш аз 36 000 нафар расидааст.
Зимнан 4963 нафар дар меҳмонхонаҳо ва ё хобгоҳҳои муваққатие, ки аз ҷониби шӯрои маҳаллӣ дар назди мактабҳо ва толорҳои варзишӣ ташкил гардидааст, ҷойгир карда шуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






