Бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар Бохтар барномаи фарҳангӣ баргузор шуд

Май 12, 2023 19:16

БОХТАР, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон, ки 12 май мебошад, бо шаҳомати хосса доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Роҳбарияти вилояти Хатлон аҳли ҳунар ва шавқмандони ин санъати миллиро шодбош гуфтанд. Иброз гардид, ки Шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар барнома озмуни вилоятии «Мақомхонӣ» натиҷагирӣ гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз карда шуданд.

Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ансамбли «Шашмақом» ва рақсҳои мафтункунандаи ансамбли «Ситора»-и шаҳри Бохтар ба маҳфил ҳусни дигар бахшид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 12, 2023 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд