Бар асари бориш ва обхезиҳо дар Афғонистон 42 нафар ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бориши шадид ва обхезии як моҳи охир дар Афғонистон ҷони 42 нафарро аз байн бурда, 45 тани дигар маҷрӯҳ шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
«Бориши шадид ва обхезӣ ҳамчунин 341 хонаро тахриб карда, тақрибан ба 20 000 гектар замини кишт зарар расонид», — хабар медиҳад шабакаи телевизионии маҳаллии Tolonews.
Мувофиқи иттилои манбаъ, офати табиӣ аз 34 вилояти кишвар 23-тоаш, умдатан Қандаҳору Кунар, Хуст, Бадахшон, Каписо ва Дайкундиро фаро гирифта, боиси ҳалокати 13 ҳазор сар чорвои калони шохдор гардид.
Хадамоти обу ҳавошиносии Афғонистон пешгӯӣ мекунад, ки дар се рӯзи оянда дар баъзе қисматҳои ин кишвар бори дигар бориши шадид ҳамроҳ бо боди сахт ва обхезӣ дар назар аст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АИ «Синхуа»








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






