«БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ ИДМ-2023». Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи ин озмун гардид

Май 21, 2023 16:41

ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Магистранти курси якуми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳайдарзода барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» дар бахши илм гардида, бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» мукофотонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Озмуни мазкур дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Русия баргузор гардид.

Озмун ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон  аз рӯи бахшҳои илм, варзиш ва санъат баргузор гардида, дар китоби V байналмилалии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» нашр гардид.

Дар озмуни мазкур магистранти курси якум зери роҳбарии мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносӣ Ҷаҳонгир Саъдизода иштирок намуда, муваффақият ба даст овард.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 21, 2023 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид