Дар асоси Созишномаи қолабӣ «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин ду созишномаи қарзӣ ба имзо мерасонанд

Май 24, 2023 11:57

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин байни Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин Созишномаи қолабӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар асоси Созишномаи қолабӣ ҷонибҳо нақша доранд, ки ояндаи наздик боз ду созишномаи қарзӣ- яке дар ҳаҷми 20,0 миллион доллари амрикоӣ ва дигаре дар ҳаҷми 100,0 миллион юани чинӣ ба имзо расонанд.

«Амонатбонк» аз соли 2008 инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар самтҳои гуногун бо Бонки давлатии рушди Чин ҳамкорӣ ба роҳ монда, то имрӯз 8 созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 56.5 миллион доллари амрикоӣ ва 33,0 миллион юани чинӣ ба имзо расонидааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ мунтазам ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои муассир андешидааст. Имзои Созишномаи қолабӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин далели ин гуфтаҳо аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 24, 2023 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад