Дар доираи конфронси байналмилалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим баррасӣ гардид

Май 8, 2023 15:36

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ташаббуси панҷуми глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон – эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии хифзи пиряҳо дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи «Ҳафтаи илм» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон — ташаббускори масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки конфронси мазкур дар ҳамшарикӣ бо Донишгоҳи Ситии Малайзия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва менеҷменти меҳмондории Ҳайдаробод, Пажуҳишгоҳи сайёҳӣ ва менеҷменти гардишгарии Ҳиндустон доир карда шуд.

Ректори Донишгоҳ Убайдулло Асрорзода зимни ифтитоҳи конфронс бо ифтихори баланд аз ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили обу иқлим ёдовар шуда, баргузории конфронси илмиро дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба обу иқлим зарур ва муҳим арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки масъалаи обу иқлим дар ҳама давру замон мубрамияти худро нигоҳ дошта, муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Махсусан дар ҷаҳони имрӯза, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳои ҷаҳон барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад.

Дар идомаи конфронс дар радифи олимони ватанӣ, инчунин коршиносони хориҷӣ ба таври маҷозӣ маъруза намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби 153 давлати узви СММ дастгирӣ ёфтанд. Дар асоси он 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

Инчунин соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 8, 2023 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ИМД-2026. Барои довталабон 55 маркази имтиҳонӣ ташкил гардид
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд