Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ конференсия баргузор шуд

Май 22, 2023 18:59

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзуи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ: маърифати экологӣ ва таъмини сифати об» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва қабул гардидани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим дар арсаи ҷаҳон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Конференсия дар се марҳила: ҷаласаи пленарӣ, намоиши дастовардҳои донишҷӯёну устодон ва унвонҷӯёни донишгоҳ доир гардид.

Дар конференсия меҳмонон аз мақомоти марбутаи давлатӣ, устодону кормандон ва унвонҷӯёну донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии худро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мояи ифтихор аст, ки 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 май Рӯзи байналмилалии пиряхҳо пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вобаста ба масъалаҳои обу иқлим нақшаи чорабиниҳои илмӣ-амалӣ таҳия ва тасдиқ гардидаст, ки мувофиқи он машваратҳои илмӣ, олимпиадаҳо, ҳамоиш ва конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда мешавад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Май 22, 2023 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд