Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса баргузор гардид

Май 15, 2023 11:02

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунии ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҳар ду давлат баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо зарурати густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратиро таъкид карда, баҳри вусъати ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои гидроэнергетика ва тавлиди энергия аз дигар сарчашмаҳо, авиатсия, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили  «Шаҳрҳои ҳушманд», инчунин мубодилаи академӣ ва пажӯҳишӣ омодагӣ иброз намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2023 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид