Дар Душанбе самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Май 8, 2023 17:09

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар чорабинии байналмилалие, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, масъалаҳои вобаста ба самтҳои муҳими ҳамкории донишгоҳ бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ гурӯҳи  сафирони давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, аз ҷумла сафирони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Шоҳигарии Белгия Анри Вантигем, Эстония Томас Тирс, Финляндия Илкка Райсянен, Юнон Катерина Насика, Нидерланд Андрей Карстенс, Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегоро, инчунин ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода оғоз ёфта, гуфта шуд, ки ҳамоиши мазкур ба 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо соли 1992 барқарор гардида, бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо соли 2001 ва Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Душанбе соли 2004 фаъол шудаанд.


Зимнан таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба ду ҳуҷҷати стратегӣ асос меёбанд. Яке аз онҳо Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки соли 2004 ба имзо расида, моҳи январи соли 2010 ба қувваи амал даромадааст ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд. Санади дигар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки соли 2019 қабул гардид ва равобити давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро танзим мекунад.

Гуфта шуд, ки ба мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2019 мукаммал намудани пояи ҳуқуқии муносибатҳоро дар заминаи имзои Созишномаи мукаммали шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо пешниҳод намуд, ки амалисозии он дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо буҷаи махсус барои солҳои муайян қабул мешавад, бо Тоҷикистон дар  бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон, алалхусус дар соҳаи маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идораи сарҳадот, мубориза бар зиди маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия хамкорӣ менамояд.

«Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи муносибатҳо истифода бурда мешавад. Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти маориф дар доираи барномаҳои Темпус, Эразмус Мундус ва Эразмус+-и Иттиҳоди Аврупо, ки барои ба ҳам овардани донишгоҳҳои Тоҷикистону Аврупо ва амалисозии барномаҳои таҳсиливу табодули донишҷӯён мусоидат мекунанд, ҳамкорӣ менамояд» – гуфта шуд дар чорабинӣ.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис роҷеъ ба рушди муносибатҳои ҳарду ҷониб сухан гуфта, ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро муҳиму судманд арзёбӣ намуд.

Дар идома зумрае аз намояндагони дипломатии Иттиҳоти Аврупо дар робита ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла имконияти илмию таълимӣ дар Аврупо суханронӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ доир ба мавзуъҳои гуногун суолу ҷавоб анҷом дода шуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 8, 2023 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд