Дар Ироқ 119 ҳолати бемории табларзаи геморрагикӣ ва 18 фавт ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали сол дар Ироқ 119 ҳолати бемории табларзаи гуногуни геморрагикии вирусӣ ба қайд гирифта шуда, 18 бемор фавтидааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе котиби матбуоти вазорати тандурустии кишвар Сайф ал — Бадр ба агентии иттилоотии Ироқ хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Ди — Кори ҷануби кишвар 35 ҳолати беморӣ ошкор гардид, дар ҷойи дуюм Басра /18 сироят/ қарор дорад.
Табларзаҳои геморрагикӣ- гурӯҳи бемориҳои вирусӣ мебошанд, ки ба системаҳои гуногуни узвҳо зарар мерасонанд. Дар байни аломатҳои он табларза ва хунравӣ дида мешавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






