Дар Мастчоҳ ғолибони Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ қадрдонӣ шуданд

Май 22, 2023 14:16

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бахшида ба Рўзи ҷавонон  Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ  иштирокдорон ба  гурӯҳҳои 7-10-сола, 11-15-сола, 16-18-сола, 18-40-сола ва аз 40-сола ҷудо шуда, сабқат намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  маркази  матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба ғолибони ин маъракаи варзишӣ  «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Гуфта шуд, ки  ҳадаф аз баргузории Дави миллӣ  ин  вусъати оммавигардонии варзиш, ҷалби бештари сокинони ҷумҳурӣ, махсусан ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Таъкид гардид, ки рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷиҳат бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ низ муҳайё гардидааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Май 22, 2023 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст