Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори намоишии аҳди давлатдории Сосониён ва Ҳайтолиён таҷдид гардид

Май 13, 2023 12:05

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (18 май) яке аз толорҳои намоишии  Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба давлатдории Сосониён ва Ҳайтолиён бахшида шудааст, таҷдид гардид. Дар ин хусус сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар  толори намоишии аҳди давлатдории сулолаи Сосониён  ва Ҳайтолиён бозёфтҳои гуногун ба маъраз гузошта шудааст, ки аз рушду ташаккули фарҳангу  тамаддун ва ҳунарҳои гуногуни ин даврон башорат медиҳад.

Толор пурра аз сари нав рангубор гардида, бозёфтҳо ва нигораҳои таърихӣ бо тарҳ ва дизайни нав ба маъраз гузошта шудаанд.

Ҳамзамон ба ҳолати равшанидиҳии толор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, амсилаи ёдгории Кофирқалъа бо чароғҳои нуқтавӣ равшан гардонида шуд.

Таҷдиди толор ба табъу завқи бинандагон таассуроти тоза хоҳад бахшид.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 13, 2023 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд