Дар шаҳри Левакант майдончаи варзишӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант панҷ синфхонаи иловагӣ ва як майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Левакант ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон иштирок доштанд. Масъулин бо шароиту имконияти таълимгоҳ шинос шуда, ба ташаббускорону бунёдгузорон изҳори сипос намуданд.
Гуфта шуд, ки синфхонаҳои иловагии назди МТМУ №5 барои 250 ҷойи нишаст дар ду баст ва майдончаи варзишӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, саҳми кумитаи падару модарон ва сокинону шахсони саховатпешаи деҳаи Хуррамдеҳ мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курсӣ ва дигар лавозимот ҷиҳозонида шуд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






