Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо ITF сазовори ҷойи якум гардид

Май 10, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 10.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 5-и Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов» -и шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо ITF, ки 6-7 май дар шаҳри Душанбе доир шуд, сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо ITF зиёда аз 200 варзишгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон иштирок намуд.

Дар мусобиқа хонандаи синфи 3-и Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Назар Рақамов сазовори ҷойи дуюм гардид.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 10, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид