Маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими ҷамбасти маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита.
Дар маросими ҷамъбаст раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Абдулло Раҳмонзода иштирок намуда, ба хатмкунандагон шаҳодатномаи хатми маҳфили мазкурро тақдим намуд.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат»- ин, пеш аз ҳама, баланд бардоштани донишҳои сиёсиву илмӣ ва ҳуқуқиву маънавии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавонон насли ояндасози миллат буда, бояд бо донишу маърифати баланд фаро гирифта шаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд






