МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ДИПЛОМАТИЯИ НАҚЛИЁТӢ. Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии вазирони нақлиёти давлатҳои СҲШ масъалаи таъсиси онро пеш гузошт

Май 1, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти воқеияти геополитикии муосир Тоҷикистон зарур мешуморад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ мувофиқи мақсад аст. Чунин ибрози назар намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи 10-уми машваратии вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки 28 апрел дар Деҳлӣ -пойтахти  Ҳиндустон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи машваратии вазирони нақлиёти давлатҳои  аъзои СҲШ иштирокдорони ҷаласа «Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба декарбонизатсияи нақлиёт, рушди таҳаввулоти рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ барои ноил шудан ба самаранокӣ ва устувории бештар»-ро баррасӣ ва дастгирӣ намуданд. Инчунин Гурӯҳи кории махсус барои мусоидат ба ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи нақлиёт таъсис дода шуд, ки ба баргузории мулоқот барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадами марбут ба коҳиши партовҳои карбон дар нақлиёт, рушди таҳаввулоти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи нақлиёт мусоидат хоҳад кард.

Вазири нақлиёти автомобилии Ҳиндустон Шри Гадкари изҳор намуд, ки барои тағйир додани усули кор тавассути гузариш ба сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таҳияи технологияе, ки самаранокӣ ва эътимоднокии низоми нақлиётро баланд бардошта,  устувории рушди соҳаи роҳсозиро таъмин мекунад, давлатҳои аъзои СҲШ бояд дар соҳаи таҳқиқот ва рушд ҳамкорӣ ва дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ навоварӣ кунанд, то ҳалли мушкилоти муосир дар ин бахш бештар муяссар гардад.

Мувофиқи маълумоти Гадкари, Ҳиндустон дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизот баъди Чин ва Амрико дар мақоми сеюм қарор дорад. «Мо ҳоло стандарти EURO-6-ро истифода мебарем, ки коҳиши партовҳои ихроҷро аз муҳаррикҳои дизелии автомобилӣ пешбинӣ мекунад, -гуфт ӯ. — Мо метавонем аҳолии худро бо нақлиёти «сабз» таъмин кунем ва имрӯз дар Ҳиндустон беш аз 6000 автобуси барқӣ истифода бурда мешавад».

«Дар айни замон самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз қабили нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва «сабз», ташкили долонҳои самараноки нақлиётӣ ва дар ин замина рушди роҳҳои мошингард, инфрасохтори канори роҳ ва нақлиёту логистикаи давлатҳои аъзои СҲШ ва истифодаи фаъолтари технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ мебошад», — гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва таъкид намуд, ки барои ноил шудан ба самаранокӣ ва устувории бештар дар соҳаи нақлиёт ҳамкориро дар доираи СҲШ бо тадбирҳои мушаххас мукаммал гардонидан муҳим аст, то манфиатҳои ҳамаи аъзои Созмонро, ки дар асоси принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳамкории мутақобилан судманд бино ёфтаанд, қонеъ гардонад.

Мавсуф афзуд, ки рушди соҳаи нақлиёти Тоҷикистон аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад ва барои ноил шудан ба ин мақсад бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, сармоягузории хусусӣ, инчунин бо дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои донор то имрӯз дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 60 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 2 миллиард доллари  амрикоӣ амалӣ гардидааст.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 2200 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ, ки ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошанд, ба истифода дода шудааст. Имрӯз дар соҳа 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 122 миллион доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад, ки ин ба рушди ҳамкорӣ ва густариши гардиши мол бо давлатҳои ҳамсоя  мусоидат кардааст, аз ҷумла бо кишварҳои аъзои СҲШ гардиши мол 126,4% ва аз рӯи вазни хос 67,3% афзоиш ёфтааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон долонҳои афзалиятноки тиҷоративу транзитӣ муайян карда шудаанд, ки аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб аз қаламрави мамлакат мегузаранд ва аҳамияти байналмилалӣ доранд. Имрӯзҳо корҳо оид ба ифтитоҳи долони нақлиётии мултимодалии* «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» бо баромад ба қитъаи Аврупо фаъолона идома дорад. Ифтитоҳ ва истифодаи ин долони нақлиётиро Азим Иброҳим аз нуқтаи назари расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ намуд. Аҳамияти дигари ин долон он аст, ки тавассути роҳи мошингард қаламрави Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад ва ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва тавсеаи ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад.

Тоҷикистон ба рушди соҳаи нақлиёт бо назардошти имконияти технологияи рақамӣ диққати махсус медиҳад. Соли 2019 Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки бар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, биниши умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ифода менамояд. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон рақамисозии соҳаи нақлиёт ва роҳҳои мамлакат  ба роҳ монда шудааст.

Ба ақидаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон, барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор таъмини кори самараноки нақлиёт бо таваҷҷуҳ ба рушди системаи мултимодалии* нақлиёт ва фаъолсозии бахши логистикӣ хеле муҳим аст. «Таъмини рақобатпазирии системаи нақлиёт, истифодаи имконияти транзитӣ, беҳтар кардани сармоягузории минтақавӣ ва муносибатҳои бозорӣ бо рушди логистика дар давлатҳои мо зич алоқаманд аст», — таъкид намуд ӯ.

Мавҷудияти марказҳои муосири логистикӣ дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ калиди истифодаи самараноки иқтидори транзитии мамлакат мебошад. Бо назардошти ин, вобаста ба татбиқи тадбирҳо дар доираи барномаҳои қабулшуда бо мақсади таъмини рушди кофии инфрасохтори нақлиёт, системаҳои байналмилалӣ ва логистикӣ Вазири нақлиёти Тоҷикистон якчанд пешниҳоди муфидро ироа намуд:

  1. Ҷорӣ намудани технологияҳои нав барои баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии ҳамлу нақли байналмилалӣ, инчунин кам кардани хароҷоти молиявии нақлиёт барои интиқолдиҳандагон.
  2. Таъмини низоми шаффофи иттилоотӣ дар соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ-логистикӣ, таҳияи қоидаҳо ва тартибот бо назардошти ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ (системаи интеллектуалии нақлиётӣ).
  3. Такмили низоми расмиёт ва қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок ва зудвайроншаванда.
  4. Андешидани тадбирҳо оид ба риоя ва ҳамоҳангсозии назорати сарҳадӣ дар нуқтаҳои гузариш ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдор барои назорати ҳамоҳангшудаи сарҳадӣ.
  5. Муттаҳид кардани кӯшишҳои давлатҳо барои ҳамгироии марказҳои логистикии давлатҳои минтақа бо мақсади ба даст овардани самараи муфид аз рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории Шанхай созмони байниҳукуматӣ буда, 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин таъсис дода шудааст. Он 8 давлат — Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро дар худ муттаҳид менамояд.

____________________________

 *Долони нақлиётии мултимодалӣ — масирҳои байналмилалӣ (ҳавоӣ, баҳрӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ) барои интиқоли мусофирон ва борҳо

 АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид