МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 26.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо гармшавии ҳаво ва ба таътили тобистона баромадани кӯдакону наврасон ташвишу изтироби сокинони мамлакат зиёд мегардад. Зеро кӯдакону наврасон новобаста аз он ки ҳунари шиноварӣ доранд ё не ба оббозӣ майлу рағбат ва шавқи зиёд доранд. Табиист, ки истироҳати тобистона наметавонад бе оббозӣ гузарад, вале мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон, бахусус кўдакону наврасон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд, ки дар баъзе маврид он боиси ба ҳалокат расидани онҳо мегардад.
Тавре дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз аввали соли равон дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ дар обҳои мамлакат 35 нафар ғарқ шуданд, ки аз ин 23 нафараш кўдакон ва наврасон то синни 16- сола мебошанд.
Дар ин замина Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон, бахусус волидон даъват ба амал меорад, то фарзандони худро беназорат нагузорад.
Ҳамзамон ҷиҳати донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя кардани онҳо метавонем аз оқибатҳои ногувор ҷилавгирӣ намуда, ҳам худу ҳам наздиконамро эмин нигоҳ дорем.
Мутахассисон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонанд, ки дар ҳарорати аз +20 дараҷа пасттари об дар он оббозӣ кардан тавсия дода намешавад, зеро ногаҳон аз ҳуш рафтан ва ҳатто аз сабаби хунукӣ ба ҳалокат расидан имкон дорад, изҳор доштанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумита ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки ҳар шахс бояд шиновариро сари вақт ёд гирад ва фарзандонашро омӯзонад, ҳамзамон қоидаҳои бехатариро дар об риоя кардан зарур аст.
Қоидаҳои оббозӣ муқаррар менамоянд, ки бори аввал бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст.
Оббози хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад;
Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард ва аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад. Ҳамчунин дар ҷойҳое, ки нишонаи мамнуъ аз оббозӣ дар онҳо овехта шудааст набояд шиноварӣ кард, чун хатари ғарқшавӣ ниҳоят баланд аст;
Ба об оҳиста дохил шуда, дар ҳолате, ки об то миён расад, истода, зуд ғӯта задан лозим аст. Агар шахс ба қувваи худ боварӣ надошта бошад, бояд танҳо оббозӣ накунад;
Дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва маконҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан ва аз ҳушравӣ ё фавт шуда метавонад;
Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад ва аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест;
Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад;
Ҳамзамон ба иттилои Кумита, дар лагерҳои тобистонаи мактабӣ бояд макони барои оббозӣ муқарраршуда барои омӯзонидани бачаҳои синни то 9-сола набояд аз аз 0,7 метр ва барои синни 9-11- сола на зиёда аз 1,2 метр чуқурӣ дошта бошад. Дар ҷойҳои оббозӣ бояд дар чуқурии 1,2-1,3 метр ченчӯбҳо гузошта шаванд.
Масъулияти ташкили шароити зарурии мувофиқ ба талаботи муқарраргардида ба зиммаи соҳибмулкон ва роҳбарони соҳили фароғатгоҳҳо ва муассисаҳои истироҳатии дорои объектҳои шиноварӣ вогузор карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама дар объектҳои об шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо телефонҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид






