Мутахассисони тоҷик дар Узбекистон оид ба ислоҳот ва маъмурикунонии андоз табодули таҷриба намуданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 10 май як гурӯҳ мутахассисони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар самти ислоҳот ва маъмурикунонии андоз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон қарор доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо бо мутахассисони Кумитаи андози назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба масъалаҳои татбиқи муқаррароти қонунгузории нави андози ду мамлакат, аз ҷумла, хусусияти низомҳои андозбандӣ, тамғагузории электронии молҳо ва муайян намудани тартиби машваратчиёни мустақили андоз, муносибати таваккал дар назорати андоз ва пешниҳоди хизматрасонии андоз дар шакли электронӣ мубодилаи афкори судманд анҷом дода шуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд






