«ОИНАИ ТАЪРИХ». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо ҷамъбаст гардид

Май 19, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 май  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Дар озмун, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода сухан гуфтанд.

Ҳамчунин аз толори навтаъсиси шаҳристони Тахти Сангин боздид ба амал оварда шуд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ҳамаи осорхонаҳои мамлакат фаъолона иштирок намуда, корҳои амалиро дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносии аҳолӣ ва эҳтироми мероси фарҳангии ниёгон, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ба анҷом расониданд.

Дар бахши «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар бахши «Беҳтарин хона-музей» хона-музейи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои аввал гашт. Ҳамаи иштирокдорон ва ҳакамони озмун бо Диплому мукофоти пулӣ ва сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» давоми моҳҳои март-май дар се давр баргузор шуда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, ба даври ниҳоӣ аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ва «Беҳтарин хона-музей» 15 осорхона роҳхат гирифт.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикстон

Май 19, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт