Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ мулоқот намуданд

Май 18, 2023 16:18

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ширкати куҳкории Зиҷинг (Zijin Mining Group Co.,Ltd) дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶСК Корпоратсияи маъдани Зиҷинг ширкати бузурги фаромиллии истихроҷи маъдан мебошад, ки фаъолияти асосии он иктишоф ва коркарди саноатии маъданҳои дорои тилло, мис ва дигар металлҳо мебошад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои фаъолгардонии кори ширкат дар Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи саноати куҳӣ барои истихроҷу коркарди маъданҳо ва сарватҳои зеризаминӣ муҳокима гардиданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бунёди корхонаҳои муштарак бо ворид кардани технологияи муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза, истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ҷавобгу ба талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ табодули андеша намуданд.

Роҳбарияти ширкати чинӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Мулоқот бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ 18.05.2023

Май 18, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд