Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Коллеҷи хусусии омӯзгории «Асосгузор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Боргоҳи илму маърифат бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.
Раванди дарс дар муассисаи нави таълимии 2-ошёна, ки барои 400 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Коллеҷ дорои 8 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, ҳар яки он дорои мизу курсӣ, тахтаи электронӣ ва дигар аёнияти хониш мебошад.
Бо ифтитоҳи бинои нави Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” 20 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.
Таълимгоҳ дорои синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, чопи маводи дарсӣ, толори маҷлис борои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар коллеҷи мазкур барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Масоҳати умумии коллеҷ 12 садяк заминро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти нави соҳаи маориф бо саҳми соҳибкори ватанӣ Тимур Гусейнов соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 20 бинокори маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири донишомӯзӣ дар коллеҷи нави хусусӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф намуна арзёбӣ карданд.
Дар муассисаи нави таълимӣ тарбияи мутахассисон мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир ба роҳ монда шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” мутахассисони донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва компютериро дар сатҳи баланд тайёр менамояд.
Синфхонаи компютерии муассисаи нави таълимӣ бо технологияи муосир ва пайваст ба шабакаи интернет муҷаҳҳаз мебошад.
Китобхонаи замонавии коллеҷ бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои донишҷӯён шароити зарурӣ таъмин гардидааст. Донишҷӯён имкон доранд, ки аз ин боргоҳи илму маърифат босамар истифода намуда, савияи донишу малакаи хешро сайқал диҳанд.
Дар коллеҷи мазкур бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” — солҳои 2020-2040 имконияти васеъ муҳайё мебошад.
Ҳамаи ин тадбирҳо ба беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбияи донишҷӯён равона карда шудааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд






