Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан муовини Директори кулли «Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ» Иван Тсаоро ба ҳузур пазируфтанд

Май 18, 2023 16:08

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Директори кулли «Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ» Иван Тсаоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз) баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти мошинсозӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ табодули андеша намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз) яке аз корхонаҳои бузурги ҷаҳонии истеҳсолкунандаи электромобили BYD Auto ва истеҳсолкунандаи батарея ва электроника BYD Electronic мебошад.

Фаъолияти ширкат ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, автобусҳо, мошинҳои боркаш, таҷҳизоти роҳҳои барқӣ, қатораҳои монорелсӣ, истеҳсоли ҷузъҳои мошин, батареяҳо ва батареяҳои офтобӣ, ҷузъҳои телефонҳои мобилӣ ва дигар электроника, инчунин хизматрасонии васлкунии таҷҳизот равона гардидааст.
Мулоқот бо Директори кулли “Ширкати BYD - Осиёи Марказӣ” Иван Тсао 18.05.2023

Май 18, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон