Рассоми чинӣ Сан Чао Тен расми Президенти Тоҷикистонро бо санъати баланд тасвир намудааст
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, ки аз 16 то 19 май идома ёфт, рассоми чинӣ Сан Чао Тен ба Пешвои миллат асари офаридаашро, ки дар он Президенти Тоҷикистонро тасвир кардааст, туҳфа намуд. Асари мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» эҳдо гардид, иттилоъ дод сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре манбаъ иттилоъ дод, ин мусаввара дар яке аз толорҳои бузурги шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллӣ ба тамошо гузошта шуда, минбаъд низ аз ҷониби мутахассисон дар сатҳи зарурӣ ҳифз ва ба таври касбӣ муаррифӣ карда мешавад.
Рассоми чинӣ дар асари худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо либоси расмӣ ва дар сари мизи корӣ тасвир намудааст. Дар пасманзари асар курсии бо зарҳал ороишёфта, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарахти сабз ва нақшу нигори рӯи девор бо тамоми ҷузъиёти нозуконаашон хеле зебо тасвир гардидаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар санъати рассомӣ тасвир намудани инсон, махсусан чеҳра кори хеле мушкил буда, қобилияти баланди зеҳнӣ, мушоҳидакорӣ ва завқи эстетикӣ талаб менамояд. Зимнан аз ҷониби рассом донистану ба инобат гирифтан ва кашидани ҳар ҷузъиёти он зарур мебошад.
Рассом Сан Чао Тен ин асари худро дар сатҳи хеле баланд офарида, ба ин восита диққати тамошобинро ба нақши асосии мусаввара ҷалб менамояд. Зеро мусаввир Пешвои миллатро ҳамчун сиёсатмадори созанда ва башардӯсте тасвир намудааст, ки дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ дар Саммити якуми «Чин — Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Сиан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, гуфт, ки «Шумо, Ҷаноби Президент, миёни мо, Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад».
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






