САРШОРИ МЕҲРИ ВАТАН. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маҳфили фарҳангии Файзалӣ Ҳасан доир мегардад
ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 май, соати 18:00 бо ташаббус ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Домани имон Ватанам» маҳфили фарҳангии ҳофизи шинохтаи мардумӣ Файзалӣ Ҳасан баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Маҳфили фарҳангӣ ба 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ Файзалӣ Ҳасан бахшида мешавад.
Машҳуртарин суруду оҳангҳои Файзалӣ Ҳасан «Тоҷики ман зинда бош!», шеъри Ҷамолиддин Каримзода (соли 1980), «Ҳалқаи гесӯ», шеъри Пайрав Сулаймонӣ (соли 1981), «Шукрона бояд кард», шеъри С. Аюбӣ (соли 1985), «Тоҷикистон Ватанам», шеъри Муҳаммад Ғоиб (соли 1987), «Шукронаи Ватан», шеъри Муҳаммад Ғоиб (соли 1989), «Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо», шеъри Олимхон Исматӣ (соли 1993), «Модар-Ватан», шеъри Алимуҳаммад Муродӣ (соли 2001), «Саршори меҳри Ватан», шеъри Лоиқ (соли 2008) дар хазинаи тиллоии радио ва телевизион ва ёди мухлисон нигоҳ дошта шудаанд.
Тӯли фаъолияти эҷодӣ Файзалӣ Ҳасан ба давлатҳои Эрон, Афғонистон, Фаронса, Русия, Лубнон, Сурия, Қатар, Полша, Олмон, Ҳиндустон ва Покистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






