Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинская мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинская мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар доираи вохӯрӣ имконоти сармоягузории Бонки сармоягузории Аврупо ба иқтисоди Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкорӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Оид ба иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати васеъ намудани имконият барои истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда баҳри равнақ додани ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Дар доираи Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, технологияи нав, энергетика ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»










Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






