«СИЁСАТШИНОСОНИ ҶАВОН». Дар шаҳри Душанбе нахустин маҳфил-викторина баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нахустин маҳфил-викторинаи «Сиёсатшиносони ҷавон» баргузор карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.
Дар он таъкид карда шуд, ки тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва тарбия намудани онҳо вазифаи масъулини соҳа, ҷомеа, аз ҷумла қишри фаъоли аҳолӣ, устодон ва ҷавонони соҳибдилу бомаърифати мамлакат аст.
Ҳамзамон иброз дошта шуд, ки таърих дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан дилу нияти нек дошта, замирашон саршори ҷасорат, муҳаббат ва эҳтиром ба халқу Ватан мебошад.
Мақсади таъсис додани «Маҳфили сиёсатшиносони ҷавон»- баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳӣ, мусоидат ба таъмини амнияти миллӣ, бохабар кардани ҷавонон аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад.
Дар анҷоми маҳфил аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба иштирокчиёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






