Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки аз COVID-19 дар ҷаҳон қариб 20 млн нафар фавтидааст

Май 7, 2023 10:59

ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 20 млн нафар аз COVID-19 дар ҷаҳон фавтид, гарчанде ки ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар бораи марги қариб 7 миллион нафар маълумот расидааст. Дар ин хусус рӯзи ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ дар Женева директори генералии СУТ Тедрос Аданом  Гебрейесус изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Ба СУТ маълумот оид ба марги 7 млн нафар ворид шуд, вале  мо медонем, ки ин шумора чандин маротиба бештар аст- қариб 20 млн аст»,-иброз дошт ӯ.

Директори генералӣ таваҷҷуҳро ба коҳиши фавт аз ковид, ки тӯли беш аз як сол мушоҳида мешавад, ҷалб намуд. Дар робита ба ин ӯ рӯзи ҷумъа дар асоси тавсияи Кумитаи коршиносони СУТ анҷоми  ҳолати  фавқулодаи ҷаҳонии тандурустиро вобаста ба коронавируси SARS-CoV-2-ро эълон кард.

Тибқи маълумоти СУТ то 3 май, дар ҷаҳон 765 222 932 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 6 921 614 нафар фавтидааст. Ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ дар робита ба бемории ковид аз январи соли 2020 амал мекард. Он дар асоси тавсияи Кумитаи коршиносони СУТ оид ба ҳолатҳои фавқулода, ки ҳар се моҳ дар ҷаласаҳои худ ҷамъ меомаданд, борҳо тамдид карда шуд. Ҷаласаи охирини 15-ум  4 май барпо гардид.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 7, 2023 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд