Тақрибан 40 нафар пас аз садамаи киштии Чин дар уқёнуси Ҳинд бедарак шудааст
ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Киштии моҳигирии чинӣ дар қисмати марказии Уқёнуси Ҳинд чаппа шуд, ки дар натиҷа бо 39 аъзои экипаж иртибот қатъ гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи чаҳоршанбе Телевизиони марказии Чин хабар додааст.
Дар киштӣ 17 шаҳрванди Чин, 17 индонезиягӣ ва 5 филиппинӣ будааст. Ҳамаи онҳо дар феҳристи бедаракшудагон қарор дошта, корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ идома доранд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дастур дод, ки ба маҳалли ҳодиса неруҳои наҷотбахши изофӣ равон ва корҳои байналмилалии ҷустуҷӯ ва наҷот ҳамоҳанг карда шавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






