ТАВАҶҶУҲ! Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон намоиш-фурўши китобҳои бачагона доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон (1 июн) намоиш — фурӯши 160 номгўй китобҳои рангаи бачагона бо 50 фоиз тахфиф баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Истиқбол» .
Намоиш — фурӯши китобҳои бачагона 30 май, соати 09:00 дар саҳни маҷмааи «Шарқи Озод» барпо мешавад.
«Гурбачаи танбалак….танбалаки ҳандалак», «Маро нағз мебинед?», «Олуча гули бодом», «Мўр ва анбўр», «Лолаи боми бобо», «Се бузичаи гурусна», «Алифбои зудомўз», «Сайёҳати заргўшак», «Саргузашти чўҷаи доно», «Баррача», «Бозии рустшавакон», «Биникадуча», «Чаҳор наво», «Қиссаи гандумак» номгўи чанде аз китобчаҳое мебошад, ки дар ин намоиш ба фурўш гузошта мешавад.
Дар ин маъракаи фарҳангӣ шоирону нависандагони маҳбуб ва шинохтаи тоҷик: Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа, Абдулҳамид Самад, Сафияи Носир, Раҳмат Назрӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Салими Зарафшонфар, Абдурофеъ Рабизод, Нуқраи Суннатиё, Бузургмеҳри Баҳодур, Абдусаттори Раҳмон, Муродалӣ Собир, Муҳаббат Юсуфӣ, Эгамназари Соҳибназар, Равшани Ҳамроҳ, Мансури Суруш ва дигарон иштирок менамоянд.
Иштирокдорон метавонанд дар китобҳои харидаашон аз шоирону нависандагони зикршуда соядаст гирифта, бо онҳо суҳбат намоянд.
АКС: Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Истиқбол»











Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






