Тавассути субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сокинон бо кор таъмин карда мешаванд

Май 28, 2023 11:36

КӮЛОБ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сокинонро бо кор таъмин мекунад. Алҳол дар ин минтақа 7 субъект, аз ҷумла ҶДММ «Тоҷик Алмос», ҶДММ «Кӯлоб Агросаноат», ҶДММ «Кӯлоб Пласт», ҶДММ «Растанӣ Инно», ҶДММ «Сомон Трейд», ҶДММ «Ваҳдат Металл» ва ҶДММ «Саноат Сино» ба қайд гирифта шудааст.  Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кӯлоб Агросаноат», ки субъекти дуюми Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба шумор меравад, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли равған, набот, коркард ва бандубасти намаки ошӣ оғоз гардид. Маблағи сармоягузорӣ барои эъмори корхонаи мазкур 3,4 миллион сомониро ташкил дода, иқтидори солонаи истеҳсолии он 60 тонна набот, 150 тонна равған ва 5 ҳазор тонна намаки ошӣ аст. Дар назар аст, ки дар он 40 нафар бо ҷои кор таъмин шавад.

Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Ҳадисиддин Икромов ҶДММ «Кӯлоб Пласт» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба қайд гирифта шудааст, ки самти фаъолияташ истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ мебошад. Ҳадафи асосии ин иқдом истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида аст. Маблағи барои бунёди корхона пешбинишуда 3,6 млн сомониро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 6 ҳазор дона маҳсулоти пласмассӣ мебошад. Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона 15 мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ мешавад.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат барои бунёди корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дархостҳои нав барои лоиҳаҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ омода гардид.

Корхонаҳои истеҳсоли хӯроки биологии чорво, коғаз, сангҳои ороишӣ, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, васлу насби лифт, маркази логистикӣ, истеҳсоли маводи шустушӯӣ, куртаҳои мардона, орд ва макарон, нӯшокиҳои ташнагишикан ва шарбати мева, газвор, коркарди пашм, сардхона, истеҳсоли равғани растанӣ, лампаҳои каммасраф, зарфҳои шишагин, маҳсулоти сохтмонӣ, сӯзандору, коркарди меваю сабзавот ва бофандагӣ аз ин ҷумла мебошанд.

Дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 14 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Закияи Муҳаммадҷон» (истеҳсоли хишти пухта), ҶДММ «Орзуи кӯдакон» (истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона), ҶДММ «Майрамбибӣ», ҶДММ «Шарипов Шарифхон», ҶДММ «Фотимаи Ҷумъахон» (истеҳсоли хишти бетонӣ), ҶДММ «Ҳоҷӣ Шералӣ» (истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ), ҶДММ «Дунёи Абдулло» (истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ), ҶДММ «Ифтихор Алӣ» (истеҳсоли мебел), ҶДММ «Қурбонов Солеҳ» (истеҳсоли қанди сафед), ҶДММ «Зубайраи Азиз» (истеҳсоли мебел), ҶДММ «Маҷид» (истеҳсоли сафолак), ҶДММ «Абдулло Сафар», ҶДММ «Холзода Абдулло» (истеҳсоли гаҷ) ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар онҳо теъдоди зиёди сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҷои кор таъмин шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Май 28, 2023 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст