Тоҷикистон ва Ҳиндустон рушди муносибатҳои мутақобилан судманди гуногунҷанбаро баррасӣ намуданд

Май 6, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар шаҳри Панаҷи (Ҳиндустон) дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон Сироҷиддин Муҳриддин ва Субраҳманиям Ҷайшанкар доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар ҳамаи самтҳо, хусусан дар мавриди ҷонноксозии фаъолияти абзори ҳамкорӣ, аз қабили машваратҳои сиёсӣ ва консулӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, инчунин дигар қолабҳои ҳамдастӣ дар бахшҳои амният, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф таъйид намуданд.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин табодули афкор оид ба масоили минтақавӣ ва шарикӣ дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба анҷом дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд