Вазири кишоварзии Тоҷикистон бо нашъунамои боғу токзори ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо нашъунамо, сабзиш ва ҳолати кунунии боғоту растанӣ ва коркарду истифодаи заминҳои байни қаторҳои боғу токзор 6 май Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода аз нашъунамои боғу токзори ноҳияи Шаҳринав дидан намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.
Зимни боздид аз токзори хоҷагии деҳқонии «Кишоварз» ба масъулон ҷиҳати нигоҳубини беҳтар ва парвариши боғот, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои байни қаторҳои токзор, ки аллакай он самаранок истифода мешавад, дастуру тавсияҳои судманд дода шуд.
Инчунин аз Хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ба номи М.Турсунзода, ангурзори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарнисори Шаҳринав», «ИИАС-Шаҳринав» ва гармхонаи доимамалкунандаи парвариши бодиринг дар ноҳия дидан карда, ҷиҳати рушду тақвияти соҳа дастурҳои судманд дода шуд.
Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замини байни токзор таъмин карда шуда, кишти сабзавоти полезӣ ва дигар намуди зироати техникӣ ба роҳ монда шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






